М. УБАЙДУЛЛОЕВ БО МАРДУМ БА ҲАШАРИ УМУМИШАҲРӢ БАРОМАД

Ноябрь 15, 2008 12:20

              Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Субҳи 15-уми ноябр якҷоя бо Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев беш аз 5 ҳазор шаҳрвандони Душанбе ва кормандони идораю муассисаҳои дар қаламрави пойтахт буда, ба ҳашари умумишаҳрӣ баромада, дар тоза намудани канали дереватсионӣ ва ҳавзи танзими шабонарӯзии муассисаи хизматрасонии пойтахт саҳм гузошта истодаанд.              Тавре котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов аз маҳали баргузории ҳашари умумишаҳрӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар иттилоъ дод, — ин иқдом аз ҷониби шаҳрдорӣ бо мақсади ҳарчи бештар дастрас гардидани оби тозаи ошомиданӣ ба шаҳрвандон андешида шудааст.               Ҳашар аз ҷониби сокинон ва кормандони муассисаҳои гуногуни пойтахт бо ҳамовозии самимӣ истиқбол гирифта шуд. Ин аст, ки сокинони пойтахт иқдоми наҷиби раиси шаҳрро хуш пазируфта, аз соати 9-и субҳ ихтиёрӣ ба ҳашари умумишаҳрӣ баромаданд. Шавкат Саидов ҳамзамон афзуд, ки соат ба соат сафи иштирокчиёни ҳашари умумишаҳрӣ меафзояд ва дар назар аст, ки дар он то 10 ҳазор нафар сокинон ва кормандони муассисаю идораҳои гуногуни пойтахт иштирок намоянд.

Ноябрь 15, 2008 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд