М. УБАЙДУЛЛОЕВ ДАР КОНФРОНСИ МАРБУТ БА ЯРОҚИ ҶАНГӢ ШИРКАТ ВАРЗИД

Ноябрь 25, 2008 10:39

  Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-24-уми ноябри соли 2008 дар толори Қасри Таврическии Санкт-Петербург Конфронси байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи гуманитарии байналхалқӣ бахшида ба 140-солагии қабули Эъломияи Санкт-Петербургии соли 1868 дар бораи манъ кардани истифодаи тирҳои таркандаву оташбарангез, баргузор гардид.  Конфронс бо ибтикори Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ ва Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяҳои байнипарлумонии ИДМ ва АврОсиё, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) созмон дода шуд. Дар он дар радифи намояндагони кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ҳайати баландпояи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ширкат варзиданд.   Ёвари раиси палатаи болоии парлумони кишвар Шавкат Саидов аз Санкт-Петербург ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Абдумаҷид Достиев ҳайати парлумонии Тоҷикистонро ҳамроҳӣ намуда, дар расми кушодашавии конфронс баромад намуд.    Иштирокчиёни конфронс аҳамияти Эъломияи Санкт-Петербургии соли 1868 дар бораи манъ доштани истифодаи тирҳои таркандаву оташбарангезро ҳамчун санади муҳими башардӯстона дар ҳифзу амнияти аҳолии осоиштаи кишварҳои дар ҳоли ҷанг қарордошта зикр намуданд.   Дар конфронс Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Владимир Путин ва Президенти Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх Якоба Келленбергер бо нутқи пурмӯҳтаво дар мавриди риояи истифодаи яроқҳои ҷангӣ дар ҷараёни муноқишаву муборизаҳои ҳарбӣ миёни кишварҳои даргир баҳри ҳимояи аҳолии осоишта, гузашта аз ин, таъмини ҳамзистии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар партави амалишавии муносибатҳои ҷадиди ҷаҳонӣ баромад намуданд.  

Ноябрь 25, 2008 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд