М. УБАЙДУЛЛОЕВ ХОСТОРИ РУШДИ РОБИТАИ ПАРЛУМОНӢ БО БЕЛОРУС ШУД

Ноябрь 26, 2008 15:16

        Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои тақвияти ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Белорус зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо раисони палатаҳои парлумони Белорус — Шӯрои ҷумҳурии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Белорус ва палатаи намояндагон Борис Батура ва Владимир Андрейченко баррасӣ шуданд.         Дар ҷараёни мулоқоти дӯстона Маҳмадсаид Убайдуллоев раисони тозаинтихоби палатаҳои Маҷлиси миллии  Ҷумҳурии Белорусро барои оғози  фаъолият дар вазифаҳои пурмасъулият самимона шодбош гуфта, масоили ҳамкориҳои минбаъдаи байнипарлумонии Тоҷикистону Белорусро мавриди муҳокима қарор дод. Зикр шуд, ки дар партави муносиботи дӯстонаи кишварҳо ва ҳамкориҳои  мутақобилан судманд, ки аз сиёсати созандаи сарони ҳар ду кишвари дӯст сарчашма мегиранд, тақвияти робитаҳои байнипарлумониро густариш бояд дод.        Борис Батура ва Владимир Андрейченко дар навбати худ изҳор доштанд, ки  тамоми кӯшишҳо ба он равона хоҳад гардид, ки робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Белорус ҷавобгӯи талаботи ҷомеаи муосир бошад. Дар мулоқот мусоҳибон доир ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи парлумонӣ дар доираи созмонҳои  бонуфузи парлумонию байналмилалӣ, аз ҷумла Ассамблеяҳои парлумонии давлатҳои аъзои ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сухан гуфтанд.      Зикр гардид,  ки байни парлумонҳои Тоҷикистону Белорус гурӯҳи дӯстӣ ҳамкорӣ ташкил карда шавад. Мулоқот бо даъвати тарафҳо оид ба анҷоми ташрифи расмӣ ба кишварҳои ҳамдигар анҷом ёфт.   

Ноябрь 26, 2008 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд