М. УБАЙДУЛЛОЕВ: «ИСТИФОДАИ ПОТЕНСИАЛИ ВОҚЕӢ БА ТАВРИ ДИЛХОҲ АНҶОМ НАШУД»

Ноябрь 19, 2008 10:55

      Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои тақвияти ҳамкории парлумони Тоҷикистон бо Бундестаги Олмон меҳвари асосии мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва cафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дорис Хертрампф буд.       Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев хонум Дорис Хертрампфро ҷиҳати таъин шуданаш ба ҳайси Сафир дар Тоҷикистон шодбош гуфта, иброз дошт, ки бо фаъолияти ӯ дар ин вазифаи олии дипломатӣ, сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, пеш аз ҳама робитаҳои иқтисодӣ тақвият хоҳанд ёфт. Зеро дар марҳилаи рушди муносибатҳои дуҷониба, ки аз иродаи сиёсии Роҳбарияти олии кишварҳо сарчашма мегиранд истифодаи потенсиали воқеӣ, ки ба ҳадафҳои тарафайн ҷавобгӯ бошад, ба таври дилхоҳ анҷом нашудааст. Итминон аст, ки баҳри расидагӣ ва фарогирии холигии ҳамкориҳо робитаву муносибатҳои байнипарлумонӣ хуб ба роҳ монда шуда, дар партави сиёсати дарҳои кушодаи Ҳукумати Тоҷикистон потенсиали парламентарҳои кишварҳо беш аз ҳарвақта мавриди истифода қарор мегиранд. Дар робита парлумони Тоҷикистон, хусусан палатаи болоии он сайъ менамояд, ки гурӯҳи дӯстии парлумониро барои густариши равобити байнипарлумонӣ таъсис диҳад.  Дар навбати худ, дипломати олмонӣ аз пазироӣ ва мӯҳтавои мулоқот арзи сипос намуда, гуфт, ки зимни фаъолияти дипломатиаш ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва тавассути он мусоидат намудан ба густурдагии муносибатҳо бо парлумони Аврупо тадбирҳои судмандро анҷом медиҳад. 

Ноябрь 19, 2008 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд