МАҚОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РУДАКИ ДАР АДАБИЁТИ ҶАҲОН
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳри Тошкант бахшида 1150 — солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҷмӯае бо номи «Пайвандгари дилҳо» аз чоп баромад. Дар ин маҷмӯа қисме аз маърӯзаву гузоришот ва суханрониҳо дар анҷумани илмӣ, ки бахшида ба 1150 — солагии қофиласолори назми классики тоҷику форс Устод Абӯабдуллои Рӯдакӣ дар Донишгоҳи Давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ баргузор гардида буд, ҷамъ оварда шудааст. Дар номаи сипоси Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Бобохон Маҳмадов ба ҳокими вилояти Самарқанд Ӯктам Барноев дар саҳифаи аввали ин китоб омадааст, ки гарчанде устод шоири форсу тоҷик Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯди Панҷакенти Тоҷикистон ба дунё омада бошад, ҳам фаъолияти эҷодӣ, умри бобаракаташ дар Самарқанду Бухоро гузаштааст ва ӯро барҳақ яке аз барҷастатарин намояндагони адабиёти ҷаҳонӣ номидан мумкин аст. Халқҳои тоҷику ӯзбек фахр аз он доранд, ки ворисони маънавии чунин устоди бузурги сухан ҳастанд. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳақиқат, пири маънавӣ ва устоди тамоми шоирони сарзамини Осиёи Марказӣ ва ҳатто берун аз он мебошад. Эҷодиёти адибони ин сарзамин аз шоҳбайту қасида ва ғазалҳои устод Рӯдакӣ сарчашма мегирад. Осори абадзиндаи ин устоди бузург бо ғояҳои дӯстӣ ва ватанпарвариаш ба дӯстии абадии ин ду халқи дӯсту бародар поя гузоштааст. Кадом давраи таърихи қадимро варақ назанем, мо исботи бешумори наздикии ҳақиқии халқҳоямонро пайдо мекунем, ҳар гоҳ сухан аз дӯстию бародарӣ, робитаҳои адабиву фарҳангӣ ва маънавии ду халқи дӯст ва ҳамсоя меравад, беихтиёр номҳои классикҳои адабиётамон Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Амир Низомиддин Алишери Навоӣ ба хотир меояд, ки шӯҳрат ва нерӯи маънавии онҳо дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст. Дӯстии байни онҳо, ҳамчун устод ва шогирд барои мо рамзи беҳтарини дӯстии абадии байни халқҳоямон боқӣ мемонад. Тамоми эҷодиёти ин адибон ба наздик намудани марому мақсад, орзуву умеди халқҳоямон равона шудаанд. Агар ба таърихи наздики ин ду халқ назар афканем, ҳатто дар давраҳои золимию ҷоҳилӣ чунин фарзандони асили мамлакатҳоямон ба мисли Аҳмад Маҳдуми Дониш ва Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Абдулло Қодирӣ, Садриддин Айнӣ, Абдулҳамид Чӯлпон ва Абдурауф Фитрат бо дӯстию ҳамкорӣ барои ба даст овардани мақсаду маромҳои маорифпарварӣ муборизаи муштарак бурданд. Дӯстиву бародарӣ ва ҳамкории классикони давраи нави адабиётамон Мирзо Турсунзода, Ғафур Ғулом, Гулчеҳра Сулаймонӣ ва Зулфия намунаи беҳтарини қаробат ва ҳамдилии халқҳои мо мебошад.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






