МАҚОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РУДАКИ ДАР АДАБИЁТИ ҶАҲОН

Ноябрь 4, 2008 15:50

              Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳри Тошкант бахшида 1150 — солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҷмӯае бо номи «Пайвандгари дилҳо» аз чоп баромад. Дар ин маҷмӯа қисме аз маърӯзаву гузоришот ва суханрониҳо дар анҷумани илмӣ, ки бахшида ба 1150 — солагии қофиласолори назми классики тоҷику форс Устод Абӯабдуллои Рӯдакӣ дар Донишгоҳи Давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ баргузор гардида буд, ҷамъ оварда шудааст.              Дар номаи сипоси Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Бобохон Маҳмадов ба ҳокими вилояти Самарқанд Ӯктам Барноев дар саҳифаи аввали ин китоб омадааст, ки гарчанде устод шоири форсу тоҷик Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯди Панҷакенти Тоҷикистон ба дунё омада бошад, ҳам фаъолияти эҷодӣ, умри бобаракаташ дар Самарқанду Бухоро гузаштааст ва ӯро барҳақ яке аз барҷастатарин намояндагони адабиёти ҷаҳонӣ номидан мумкин аст. Халқҳои тоҷику ӯзбек фахр аз он доранд, ки ворисони маънавии чунин устоди бузурги сухан ҳастанд.              Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳақиқат, пири маънавӣ ва устоди тамоми шоирони сарзамини Осиёи Марказӣ ва ҳатто берун аз он мебошад. Эҷодиёти адибони ин сарзамин аз шоҳбайту қасида ва ғазалҳои устод Рӯдакӣ сарчашма мегирад. Осори абадзиндаи ин устоди бузург бо ғояҳои дӯстӣ ва ватанпарвариаш ба дӯстии абадии ин ду халқи дӯсту бародар поя гузоштааст.              Кадом давраи таърихи қадимро варақ назанем, мо исботи бешумори наздикии ҳақиқии халқҳоямонро пайдо мекунем, ҳар гоҳ сухан аз дӯстию бародарӣ, робитаҳои адабиву фарҳангӣ ва маънавии ду халқи дӯст ва ҳамсоя меравад, беихтиёр номҳои классикҳои адабиётамон Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Амир Низомиддин Алишери Навоӣ ба хотир меояд, ки шӯҳрат ва нерӯи маънавии онҳо дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст. Дӯстии байни онҳо, ҳамчун устод ва шогирд барои мо рамзи беҳтарини дӯстии абадии байни халқҳоямон боқӣ мемонад.             Тамоми эҷодиёти ин адибон ба наздик намудани марому мақсад, орзуву умеди халқҳоямон равона шудаанд. Агар ба таърихи наздики ин ду халқ назар афканем, ҳатто дар давраҳои золимию ҷоҳилӣ чунин фарзандони асили мамлакатҳоямон ба мисли Аҳмад Маҳдуми Дониш ва Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Абдулло Қодирӣ, Садриддин Айнӣ, Абдулҳамид Чӯлпон ва Абдурауф Фитрат бо дӯстию ҳамкорӣ барои ба даст овардани мақсаду маромҳои маорифпарварӣ муборизаи муштарак бурданд.              Дӯстиву бародарӣ ва ҳамкории классикони давраи нави адабиётамон Мирзо Турсунзода, Ғафур Ғулом, Гулчеҳра Сулаймонӣ ва Зулфия намунаи беҳтарини қаробат ва ҳамдилии халқҳои мо мебошад.

Ноябрь 4, 2008 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид