МАБЛАҒГУЗОРИИ САРИКАСӢ ДАР НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

Ноябрь 10, 2008 16:20

Душанбе,  10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – 13-уми  ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзўи «Индикаторҳои арзёбӣ ва мониторинги миёнамўҳлати  маблағгузории сарикасӣ, проблемаҳо  ва душвориҳое, ки дар раванди татбиқи маблағгузории сарикасӣ ба миён  омаданд» мизи мудаввар баргузор мегардад.Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар  он роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва  намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд. Инчунин, дар он масъалаҳои   индикаторҳои пешниҳодшаванда, арзёбӣ ва мониторинги миёнамўҳлати маблағгузории сарикасӣ, муайян намудани индикаторҳо, проблемаҳои асосии дар раванди амалисозии маблағгузории сарикасӣ бамиёномада ва   роҳҳои ҳалли проблемаҳои пешниҳодгардида, муҳокима карда мешаванд.

Ноябрь 10, 2008 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд