МАСОИЛИ ПЕШГИРИИ СӮИСТЕЪМОЛИ МАВОДИ НАШЪАДОР БАРРАСӢ КАРДА ШУД

Ноябрь 27, 2008 17:19

Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъадор бо иштироки муовини сарвазири ҶТ Руқия Қурбонова, муовинони директори Агентии мазкур Вайсиддин Азаматов, Бунафша Одинаева ва аъзои ин Шӯро баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳисоботу ахбороти муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳиб Раҳмонов оид ба иҷрои бандҳои дахлдори Барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 шунида шуд. Раиси Комиссияи минтақавии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ Руҳулло Ҳакимов оид ба пешгирии  сӯистеъмоли маводи нашъадор, муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Одинаева оид ба иҷрои бандҳои дахлдори Барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҶТ барои солҳои 2008-2012 сухан гуфтанд. Муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабирҷон Ҷӯраев оид ба иҷрои бандҳои 19, 22, 23 ва 27-и Нақшаи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии  сӯистеъмоли маводи нашъадор дар соли 2008 маълумот дод. Инчунин, дар ҷамъомад баррасии пешниҳодоти вазорату идораҳои дахлдор ба Нақшаи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъадор дар соли 2009 баррасӣ карда шуд.

Ноябрь 27, 2008 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд