МИЗОҶОНИ ШӮЪБАИ «АМОНАТБОНК» ДАР ХУРОСОН ҚАРЗҲОЯШОНРО БАРМЕГАРДОНАНД
Қӯрғонтеппа, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Мудири шӯъбаи «Амонатбонк» дар ноҳияи Хуросон Зайнулло Бобоҷонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки қисми зиёди хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ҳанӯз фасли баҳор, пеш аз оғози маъракаи кишт аз филиалҳои бонк барои кишту кор ва парвариши пахта қарз гирифта буданд. Қайд карда шуд, ки ҳамон вақт ба 20 хоҷагии деҳқонӣ ба маблағи 497 ҳазор сомонӣ қарз дода шуда буд. Ин маблағ барои парвариши пахта дар масоҳати 274 гектар замин пешбинӣ шуда буд. То имрӯз 20 фоизи қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ баргардонида шуд, — гуфт З.Бобоҷонов. Аз рӯи маълумоти «Амонатбонк», филиалҳои он дар ноҳияи Хуросон ғайр аз парвариши пахта ба соҳаҳои дигари кашоварзӣ низ бо маблағи қариб 500 ҳазор сомонӣ қарз додаанд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






