МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТИИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ПЕШГИРӢ КАРДА МЕШАВАД

Ноябрь 13, 2008 11:05

             Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- 12-уми ноябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Грант отел» вохӯрии роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати ВКД бо Роҳбари фонди ҳамкориҳои рушди алоқаи байналхалқӣ ва соҳаи иҷтимоӣ ва Маркази муҳоҷирати вилояти Самараи манотиқи Поволжский Николай Алисов бо гурӯҳи кориаш баргузор гардид.             Мақсад аз ин вохӯрӣ кушодани филиали маркази байниминтақавӣ баҳри дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ, тайёр намудани шароити мусоиди корӣ ва зист, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо ва таъсис додани Намояндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муташаккилона ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мебошад.            Дар вохӯрӣ ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти мухоҷирати ВКД ҶТ ва Фонди ҳамкориҳои рушди алоқаи байналхалқӣ ва соҳаи иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо ба ифоқа омаданд, ки он рӯзи 13-уми ноябри соли 2008 ба имзо хоҳад расид.             Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб доштанд, ки чунин марказҳо бояд дар ҳамаи вилоятҳои Федератсияи Россия таъсис дода шавад.  

Ноябрь 13, 2008 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд