МУҲОКИМАИ БАРНОМАИ СОХТМОНИ ТАВАЛЛУДХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ мулоқоти намояндагони Бунёди рушди Арабистони Саудӣ, вазоратҳои молия ва тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот лоиҳаи созишномаи додани қарз барои сохтмони таваллудхонаҳо дар шаҳри Хуҷанд муҳокима карда шуд. Ҳадафи барнома беҳтар сохтани вазъи соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон мебошад. Тибқи созишнома барои сохтмони силсилаи таваллудхонаҳо дар вилояти Суғд ва харидани асбобу анҷоми зарурӣ барои онҳо қариб 37 миллион риёли саудӣ ҷудо карда мешавад. Мӯҳлати аввали пардохти қарз 25 сол буда, фоидаи солонаи он 2 фоизро ташкил медиҳад. Давраи имтиёзноки пардохти қарз 5 сол муқаррар карда шуд. Ҳар ду ҷониб паймон карданд, ки мӯҳлати пардохти қарз ва масрафи онро ҳар сол ду маротиба дар моҳҳои май ва ноябр баррасӣ намоянд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






