МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ШОҲЗОДА КАРИМ ОҒОХОНИ IV
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Шоҳзода Карим Оғохони IV — ро ба ҳузур пазируфт. Дар сӯҳбат масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Оғохон оид ба рушд, ки имсол аз таъсиси он 50 сол сипарӣ шуд, баррасӣ гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳзода Оғохони IV барои кӯмакҳои ба Тоҷикистон расондааш арзи сипосу миннатдорӣ кард. Аз сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳо, ки асосан дар соҳаҳои туризм, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ сурат мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди инфрасохтори туризм, амалигардонии лоиҳаҳои энергетикӣ, алоқа ва сохтмону барқарорсозии роҳҳо низ аз самтҳои матлуби робитаҳои минбаъда арзёбӣ гардид. Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри идома ва густариши ҳамкории судбахш таъкид намуданд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






