МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО Н. ЖУСТЕН

Ноябрь 24, 2008 14:45

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Роҳбари нави намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Норбер Жустен эътимоднома қабул намуд.Дар сўҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Норбер Жустен, ки баъди супурдани эътимоднома сурат гирифт, масоили ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз густариши намоёни робитаҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он, дар маҷмўъ, изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он дошт, ки имкону захираҳои истифоданашудаи рушди ҳамкориҳо ҳанўз хеле зиёданд.«Иттиҳоди Аврупо шарики пешсафи Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои гуногун барои дастгирии соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аст», — изҳор дошт Норбер Жустен ва афзуд, ки баҳри дастгирии сарҳадбонони тоҷик ва мусоидат ба таҳкими амнияту субот дар минтақа низ ҳамкориҳо рў ба густариш доранд.Мусоҳибон оид ба рўзномаи ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки ҳамкориҳо, ки пагоҳ дар шаҳри Душанбе ба кори   худ оѓоз мекунад, гуфтугў намуда,  аз пайвастагии маҷлисҳои он изҳори қаноатмандӣ карданд.Мубодилаи судманди афкор ҳамчунин оид ба роҳҳои таҳкиму густариши робитаҳои минбаъда ва дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Ноябрь 24, 2008 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд