МУЗДИ КОР БАР АСАРИ БӮҲРОНИ ИҚТИСОДӢ КАМ МЕШАВАД
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Коршиносони Созмони байналхалқии меҳнат пешгӯӣ мекунанд, ки соли оянда дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон маблағи маош ва музди кор дар натиҷаи бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ кам хоҳад шуд. Дар ин бора дар маърӯзаи нави Дафтари байналмилалии меҳнат сухан меравад. Коршиносони Созмони байналмилалии меҳнат дар асоси таҳқиқоти Хазинаи байналхалқии асъор пешгӯӣ мекунанд, ки музди кору маош дар давоми соли 2009 дар саросари ҷаҳон аз ҳама зиёдаш 1,1 фоиз зиёд гашта метавонад. Музди кор дар бисёр мамлакатҳо, аз ҷумла, мамлакатҳои тараққикардаи саноатӣ ва рӯ ба инкишоф хеле кам гардида метавонад. Дар маърӯза зикр карда мешавад, ки фарқи музди кору маоши занон ва мардон мисли пештара хеле калон аст. Ин фарқият дар бисёр мамлакатҳо то 80 фоизро ташкил медиҳад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии Созмони байналхалқии меҳнат дар шаҳри Душанбе хабар доданд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






