Н. ЖУСТЕН: «ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОНРО БЕСАБРОНА ИНТИЗОРЕМ»
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Норбер Жустенро ба ҳузур пазируфт. Н. Жустен ба Президенти Тоҷикистон эътиборнома супорид. Меҳмон баъдан ба журналистон хабар дод, ки ҳамроҳи Президент масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намудааст. Вай зикр намуд, ки Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистонро дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, беҳтар намудани шароити сармоягузорӣ ва рушди тиҷорат бо мамалакатҳои узви иттиҳод дастгирӣ мекунад. Иттиҳоди Аврупо айни ҳол дар Тоҷикистон силсилаи барномаҳоро амалӣ месозад. Зимни мулоқот масъалаи вазъияти Афғонистон низ муҳокима карда шуд. Н. Жустен дар фарҷоми сӯҳбат гуфт, ки «Мо бесаброна интизори ташрифи Президенти Тоҷикистон ба Брюссел мебошем».








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






