НАХУСТХИШТИ ҶАМОАТХОНА ДАР ВМКБ ГУЗОШТА ШУД

Ноябрь 5, 2008 12:33

          Хоруғ, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додоев).- Волоҳазрат Оғохони 1У, ки бо даъвати Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон,  бо сафари    се рӯзаи 2- юми ноябр вориди шаҳри Хоруғ гардидаасту ӯро муовини аввали сарвазири Ҷумҳурӣ Асадуллоҳ Ғуломов ҳамроҳӣ менамояд,  3- юми  ноябр дар паҳлӯи Боғи фарҳангии шаҳри Хоруғ нахустхишти бинои азими Ҷамоатхонаро гузошт.  Муовини аввали Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ, раиси ВМКБ Қодири Қосим зикр намуд, ки  тӯли 15 соли охир ба вижа дар даврони муқовиматҳои бемаънии ҷонибҳои даргир  Оғохон ба мардуми саросари Бадахшон, новобаста аз миллату дину мазҳаб имдоди фаровони ғизоӣ расонид. Ва баъдан ба хотири ободонии Бадахшон, баланд бардоштани сатҳи зиндагонии сокинони вилоят барномаҳои гуногун,ба деҳот  дар самти гузаронидани хати обу бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, дар деҳот, бунёди бунгоҳҳои тиббӣ, рӯи кор омадани фермаҳои мурғпарварию бӯзпарварӣ амалӣ шуданд. Ҳоло бошад, дар мавзеъҳои дигари ҷумҳурӣ низ барномаҳои Оғохон рӯи кор меоянд. Баъди гузоштани нахустхишти ҷамоатхона Мавлоно Шоҳкарим — ал-Ҳусайнӣ аз рафти таъмири Боғи фарҳанги вилоят, ки 3 сол қабл бо маблағи Бунёди Оғохон оғоз  шуда буд, дидан кард. Тавре маълум гашт, дар боғ дигаргуниҳои зиёде рӯи кор омадаанд ва он имрӯз ба яке аз зеботарин боғҳои истироҳатии Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст, дар ҳоле, ки таъмири боғ ҳанӯз идома дорад.

Ноябрь 5, 2008 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд