НАМОЯНДАГОНИ АССАМБЛЕЯИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ИДМ ТАҶРИБА АНДӮХТАНД

Ноябрь 3, 2008 11:19

       Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Баргузории ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ натиҷаҳои  назррасеро ба бор меорад», гуфт зимни суханронияш намояндаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои худидораи маҳаллӣ Юрий Осинтсев дар ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки чанде пеш дар Душанбе баргузор шуд.            Мавсуф аз ҷараёни баргузории ҷаласа натиҷагирӣ карда, таъкид сохт, ки иштирокдорони ин нишаст, ки намояндагони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ мебошанд,  дар заминаи омӯзиши  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ таҷриба андӯхтанд  ва бо  фаъолияти парлумони Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аз наздик шинос гардиданд. Ба андешаи Ю. Осинтсев баргузории чунин чорабиниҳои байнипарлумонӣ дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ қадами муҳиме дар роҳи рушди парламентаризм буда, он ба такмилу бозомӯзии қонунҳо  ва бо истифода аз таҷрибаи ҳамдигар қабул намудани санадҳои сифатан наву самарабахш мусоидат менамояд.      

Ноябрь 3, 2008 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд