НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД БА МУОВИНИ ВАЗИР ВАЪДА ДОДАНД
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). –Дар Вазорати кишоварзӣ муовини вазир Шукрулло Раҳимназаров бо намояндагони Бонки Исломии Рушд дар Тоҷикистон вохӯрд. Дар ин вохӯрӣ нозири минтақавӣ дар Тоҷикистон Ҳикмат Алиев, намояндаи корҳо оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ Алим Ирфон, намояндаи Департаменти банақшагирии иқтисодиёт дар Тоҷикистон Сулаймон Ариф ва мутахассисони вазорат иштирок намуданд. Тарафҳо барои ҳалли масъалаҳои мансуб ба рушди соҳаи кишоварзӣ ибрози ақида намуданд. Аз ҷумла, харидани техникаи кишоварзӣ, бо тухмии хушсифат таъмин намудани хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ, паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Намояндагони Бонки Исломии Рушд дар Тоҷикистон ба Шукрулло Раҳимназаров иброз доштанд, ки баъди омӯзиши вазъи кишоварзӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва Суғд доир ба кӯмаки молиявӣ ба хоҷагиҳои камбизоати ҷумҳурӣ андешаи худро ба Бонки Исломии Рушд пешниҳод хоҳанд кард. Дар назар аст, ки Бонки Исломии Рушд барои дастгирии аҳолии камбизоати Тоҷикистон ва пешбурди соҳаи кишоварзӣ маблағҳои қарзӣ медиҳад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






