НАМОЯНДАИ «ГЕДЕОН РИХТЕР» БА КОНФРОНСИ ИЛМИИ ҶТ БАҲОИ БАЛАНД ДОД

Ноябрь 24, 2008 12:29

       Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиби Тоҷикистон конфронси 14-уми илмӣ — амалӣ баргузор гардид.       Конфронсро директори донишкада, профессор Аламхон Аҳмадов ифтитоҳ намуда, аз номи Кумитаи тадорукот, роҳбарият ва кормандони илмӣ ба ҳамаи намояндагони муассисаю ташкилоте, ки дар гузаронидани ин конфронс ҳамкорӣ намудаанд, изҳори миннатдорӣ кард. Ӯ изҳор намуд, ки донишкада дар давоми мавҷудияти худ бештар аз 4000 мутахассисро ба кор омода кард. Дар давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 400 нафар кормандони соҳа дониши худро такмил доданд.      — Мавзӯъҳои конфронси имрӯза ба он мушкилоте бахшида мешаванд, ки моҳияти таълимоти баъдидипломӣ дар соҳаи тандурустӣ, ҷарроҳӣ, бемориҳои илоҷия ва тифлонро дар бар мегиранд, — афзуд профессор.      Дар конфронс аз рӯи 63 мавзӯъ баромади олимони соҳа шунида шуд. Ба кори конфронс намоядаи «Гедеон Рихтер» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ҷумъаева ва намояндаи ширкати «Пейзер корпаратсион» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор С.Шукурова баҳои баланд доданд.

Ноябрь 24, 2008 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд