НАШЪАҶАЛЛОБОН БА ДАСТ АФТОДАНД
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода ). – Кормандони Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҷумҳурӣ кӯшиши фурӯши ғайриқонунии миқдори махсусан калони маводи нашъадорро барбод доданд. Амалиёт барои барҳам додани гурӯҳи муташаккили ҷинояткор бештар аз се моҳ давом кард. Гурӯҳи мазкур муддати тӯлонӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ба хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор машғул буд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аъзои гурӯҳ зимни дастгир шуданашон ба кормандони агентӣ муқовимати фаъолона нишон доданд. Баъдан дар натиҷаи кофтукови мошини сабукрави «ВВ Тайрег» 20 халтачаи селофанӣ ёфт шуд, ки зиёда аз 18,5 килограм моддаи нашъадори героин дошт. Кормадони раёсати агентии мазкур дар вилояти Хатлон дар ҳудуди бозори Паншери Душанбе сокини 27 – солаи шаҳри Кӯлоб Н.Раҳимовро дастгир намуданд. Дар ҷараёни кофтуков аз номбурда 15 қуттии гӯгирд ёфт шуд, ки дар онҳо 158 грам моддаи нашъадори канабис пинҳон карда буд. Аз рӯи ин рӯи воқеаҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушода шуданд, тафтиши онҳо давом дорад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки шахсони дастгиршуда айни ҳол дар маҳбаси муваққатӣ нигоҳ дошта мешаванд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






