НАШЪАҶАЛЛОБОН БА ДАСТ АФТОДАНД

Ноябрь 24, 2008 15:22

      Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода). – Кормандони Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҷумҳурӣ кӯшиши фурӯши ғайриқонунии миқдори махсусан калони маводи нашъадорро барбод доданд. Амалиёт барои барҳам додани гурӯҳи муташаккили ҷинояткор бештар аз се моҳ давом кард. Гурӯҳи мазкур муддати тӯлонӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ба хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор машғул буд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аъзои гурӯҳ зимни дастгир шуданашон ба кормандони агентӣ муқовимати фаъолона нишон доданд.      Баъдан дар натиҷаи кофтукови мошини сабукрави «ВВ Тайрег» 20 халтачаи селофанӣ ёфт шуд, ки зиёда аз 18,5 килограм моддаи нашъадори героин дошт.  Кормадони раёсати агентии мазкур дар вилояти Хатлон дар ҳудуди бозори Паншери Душанбе сокини 27 – солаи шаҳри Кӯлоб Н.Раҳимовро дастгир намуданд. Дар ҷараёни кофтуков аз номбурда 15 қуттии гӯгирд ёфт шуд, ки дар онҳо 158 грам моддаи нашъадори канабис пинҳон карда буд.  Аз рӯи ин рӯи воқеаҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушода шуданд, тафтиши онҳо давом дорад.       Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки шахсони дастгиршуда айни ҳол дар маҳбаси муваққатӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Ноябрь 24, 2008 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд