НУРОВ УМЕД ДОРАД, КИ БА ХОНАНДА КӮМАК МЕРАСОНАД

Ноябрь 28, 2008 15:24

Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Ба наздикӣ дар Душанбе китоби нав  бо номи «Масъалаҳои омӯзишу таҳқиқ ва рушди забони илмии тоҷикӣ» нашр гардид. Он  дар матбааи АИ ҶТ «Дониш» ба табъ расида, муаллифаш  забоншинос Пирмаҳмад Нуров мебошад. Дар монографияи мазкур таърихи ташаккулу такомули забони илмии тоҷикӣ, мушкилоти эҷод ва рушди минъбаъдаи  он, масъалаҳои назариявиву амалии забони адабиёти илмии техникии тоҷикӣ, аз ҷумла истилоҳоти илмии техникӣ мавриди таҳқиқу таҳлил қарор гирифта, роҳҳои татбиқи  забони тоҷикӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ, принсипҳои мураттабу якгунсозӣ  ва стандартигардонии истилоҳоти илмии техникӣ дар луғатномаҳои истилоҳот муайян карда шудаанд. Муаллиф умед дорад, ки рисола таҳқиқи минбаъдаи забони илмии тоҷикӣ ва истилоҳу истилоҳшиносиро дар забони тоҷикӣ ривоҷ бахшида, бо устодону донишҷӯён воситае барои омӯзонидану аз бар кардани назарияи забони илм ва истилоҳшиносӣ ва ба муаллифону мутарҷумони адабиёти илмиву дарсӣ дастуре барои сохтани истилоҳоти илмӣ ва техникӣ мегардад.      

Ноябрь 28, 2008 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд