ОЛИМОНИ ТОҶИК БА ОМӮЗГОРОНИ АФҒОН ДАРС МЕГӮЯНД
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – «Ду ҳафта боз гурӯҳи омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иборат аз 15 нафар дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ курси такмили ихтисос мегузаранд», — қайд карда шуд дар нишасти матбуотии имрӯза, ки дар донишгоҳ доир гардид. Ин иқдом бо дастгирии Бунёди Евразия сурат гирифта, аз рӯи лоиҳаи «Такмили ихтисоси омӯзгорони афғон дар ДДОТ» амал мекунад. Буҷети лоиҳа 38 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки ба омӯзгорон олимони беҳтарини тоҷик бо тарзу усули нави таълим дарс мегӯянд. Барои беҳтар намудани сифати таълим дар мактабҳо ва боло бурдани савияи дониши муаллимон диққати асосӣ ба методикаи таълим дода мешавад. Чунин лоиҳа дар Тоҷикисон бори аввал амалӣ мегардад. Аз ин хотир, иштирокчиён изҳори умедворӣ карданд, ки минбаъд барнома инкишоф ёфта, доираи курсҳои такмили ихтисос васеъ мешаванд. Ҳоло омӯзгорони афғон бо шароити хуби таҳсил ва хобгоҳ таъмин буда, то 2-юми декабр таҳсилро идома хоҳанд дод.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






