ОЛМОН БА РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ТАВАҶҶӮҲ ДОРАД

Ноябрь 20, 2008 11:26

       Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов бо сафири Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Тоҷикистон хонум Дорие Хертрампф вохӯрд. Қосим Қосимов дар назди сафир нақши Ҷумҳурии Федеролии Олмонро ҳамчун яке аз давлатҳои мутараққии соҳаи аграрии дунё арзёбӣ намуд. Ҷумҳурии Олмон чун давлати содиркунандаи техника ва технологияи навтарини соҳаи кишоварзӣ дар пешбурди ин соҳа, аз ҷумла соҳаи парандапарварӣ ва чорводории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад саҳми бештаре гузорад.        Вазир дар ҷавоби саволҳои сафири Олмон иброз дошт, ки Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар такмил додан ва тайёр намудани мутахассисони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон саҳми арзанда дорад. Вазир ба Ҳукумати Олмон, мактабҳои олии Вайнштефан ва Бавария барои дастгирии молиявӣ ва ташкили курсҳои такмили ихтисос баҳри баланд бардоштани сатҳи тахассусии мутахассисони ҷавони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон арзи сипос намуд.        Хонум Дорие Хертрампф дар охири сӯҳбати худ бо вазир изҳор дошт, ки дар соли 2009 Ҷумҳурии Олмон ба соҳаи кишоварзии Тоҷикистон кӯмакҳои молиявии худро бештар хоҳад кард.

Ноябрь 20, 2008 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд