ОМӮЗИШГОҲҲОИ ҲУНАРӢ УСУЛҲОИ НАВИ КОРРО ПЕШ МЕГИРАНД
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Имрӯз дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили маҳорати касбии кормандони соҳаи маориф дар мавзӯи «Менеҷмент ва идораи фаъолияти омӯзишгоҳҳои ҳунарӣ» семинар баргузор гардид. Дар он роҳбарони омӯзишгоҳҳои ҳунарии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои дигари мамлакат ширкат варзиданд. Дар семинар масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани сохтори идораи мактабҳои ҳунаромӯзӣ, тақсими вазифаҳо, масъулияти онҳо дар бобати беҳтар намудани сифати таълим ва муайян намудани вазифаҳои хизматии кормандони омӯзишгоҳҳо муҳокима шуданд. Иштирокчиёни семинар дар бораи ҷиҳатҳои мусбату манфии фаъолияти омӯзишгоҳҳо сухан ронданд. Дар семинар проблемаҳое муайян карда шуданд, ки ба пешрафти кори омӯзишгоҳҳо халал мерасонанд. Дар ҷараёни семинар роҳу усулҳои тартиб додани нақшаи таълимӣ муайян кардани меъёрҳо ва сифати фаъолияти омӯзишгоҳҳо омӯхта шуданд. Дар фарҷоми семинар ба иштирокчиёни он сертификат дода шуд.








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






