ОРОСТА: «ҲАДАФ ДАРЁФТИ БЕҲТАРИН ҚИРОАТКУНАНДАГОНИ ҚУРЪОН АСТ»

Ноябрь 14, 2008 15:32

               Душанбе, 14 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба ду нафар донишҷӯи Донишкадаи исломии Тоҷикистон муяссар гардид, ки дар озмуни байналмилалии қироати Қуръони шариф, ки дар шаҳри Теҳрон идома дорад, иштирок намоянд.              Ин чорабинӣ ҳамасола бо ибтикори Созмони ҷаҳонии Донишгоҳи миллии Теҳрон гузаронида мешавад. Дар қатори намояндагони кишварҳои мусулмонии осиёӣ, инчунин намояндагони кишварҳои ғарбӣ ба монанди Голандия, Австрия, Украина ва Россия низ иштирок менамоянд.             Тибқи иттилои масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Алиризо Ороста, -«ҳадаф аз доир намудани чунин чорабинӣ дарёфти беҳтарин қироткунандагони Қуръони азимушшаън мебошад». Озмун то 17 -уми ноябр идома ёфта, дар он намояндагони 40 давлати ҷаҳон иштирок доранд. Беҳтаринҳо ва ғолибони озмун бо тӯҳфаҳои таъсисдодаи масъулини чорабинӣ сарфароз гардонида мешаванд. Соли гузашта намояндагони Тоҷикистон зинаи чоруми озмунро ишғол намуда буданд.

Ноябрь 14, 2008 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд