РОҲИ ОҲАНИ ЧИНУ ЭРОН ТАВАССУТИ ТОҶИКИСТОН

Ноябрь 28, 2008 11:11

                                                                      Зимни сафари дўстонаи худ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Манучеҳри Муттакӣ, Вазири дифоъ ва пуштибонӣ аз нерўҳои мусаллаҳ Мустафо Муҳаммади Наҷҷор ва Вазири нерў Парвизи Фаттоҳ низ мулоқотҳои судманд анҷом дода, тафсилоти ҳамкориҳои сиёсӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва энергетикии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар фароварди сафар ҳамчунин ду санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид: Баёнияи муштараки сарони ду давлат оид ба густариши муносибатҳои дуҷониба ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамлу нақл миёни Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати роҳу таробарии Ҷумҳурии Исломии Эрон.  Сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод барои доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаҳои сафар ва мулоқотҳо изҳори қаноатмандию хушнудӣ карданд.          Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла таъкид дошт: — «Натиҷаҳои ин сафарро метавон бештар аз натиҷаҳои як сафари давлатӣ  маънидод кард».         Ба иттилои сарони ду давлат, ҳарду ҷониб тасмим гирифтаанд, ки баҳри сохтмони роҳи оҳани миёни Эрону Чин тавассути қаламрави Афқонистон, Тоҷикистон ва Қирқизистон ва ҳамчунин баҳрабардории муштарак аз захираҳои обию энергетикии минтақа мулоқотҳои сатҳи олии сеҷониба (Тоҷикистон-Афқонистон-Эрон) ва панҷҷониба ба роҳ бимонанд.         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчўби барномаи сафари дўстонааш ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин аз ширкати азими мошинсозии САЙПА дидан карда, бо иқтидорҳои истеҳсолии он ва имконоти ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба аз наздик шинос шуд.        Дар ин бора котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода – телефонӣ аз шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод.

Ноябрь 28, 2008 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд