САФАРИ ТОҶИКИСТОНИЁН БА ҶИДДА БА ТАЪХИР ГУЗОШТА ШУД
Душанбе, 17 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова»).-Имрӯз баъд аз зуҳр гурӯҳи нахустини шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати адои яке аз рукнҳои мусулмонӣ — маросими ҳаҷ роҳ сӯи Арабистони Саудӣ пеш мегиранд. Тибқи иттилои мудири шӯъбаи ҳаҷ ва зиёрати Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдусалом Раҷабов, гурӯҳи аввалини шаҳрвандони Тоҷикистон мебоист соати 9 –и субҳ тавассути хати сайри Душанбе –Ҷидда ба Арабистони Саудӣ сафар мекарданд, аммо бо сабабҳои гуногун парвози ҳавопаймо ба таъхир гузошта шуд. Аз ин хотир, сафари гурӯҳи аввалини шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҷидда соати 14 –и зуҳр сурат мегирад. Тавре иттилоъ дода будем, дар маросими «Ҳаҷ-2008» 5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тавофи хонаи Каъба менамоянд. Сафари онҳо ба 15 гурӯҳ тақсимбандӣ шуда, ҳар як гурӯҳ аз 360 нафар иборат аст. Маъракаи гусели шаҳрвандон ба Каъбатуллоҳ дар Маркази исломии Тоҷикистон сурат мегирад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






