САНКТ- ПЕТЕРБУРГ — МАРКАЗИ БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ИДМ
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар Санкт-Петербург, ки рӯзҳои охир ба маркази баргузории чорабиниҳои байнипарлумонии ИДМ табдил ёфтааст оид ба сиёсати бамувофиқарасидаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд. Дар оғози ҳамоиш паёми шодбошии Раиси Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба иштирокдорон фиристонида шуд. Ҳамзамон, ҷаласаҳои Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир гардиданд, ки дар онҳо ҳайати парлумонии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзид. Тавре ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шавкат Саидов аз шаҳри Санкт-Петербург ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имрӯз ҷаласаи Бюрои Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳодии иқтисодии АврОсиё ба кори худ шурӯъ мекунад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






