САРДОРИ МАТБУОТИ ХАДАМОТИ ГУМРУКИ ҶТ САХТ МАҶРУҲ ШУД

Ноябрь 28, 2008 09:50

             Душанбе, 28  ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда  Давлатзода). – Сардори  дафтари матбуоти  Хадамоти  гумруки  назди  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  Абдурасул  Шарифов   шаби  24  ноябр  дар  кӯчаи  Бобоҷон  Ғафурови  ноҳияи  Исмоили  Сомонӣ  бар  асари  фалокати  нақлиёт  сахт  маҷрӯҳ  шуд. Муовини  сардори Хадамоти  гумруки  ҷумҳурӣ  Неъматбой  Раҳматов ба АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  А.Шарифовро  зимни  гузаштан  аз  роҳ  мошини  сабукрави «ВАЗ – 21006» пахш  кардааст.  Онро ронанда Давронбек  Умурзоқов  идора мекард. А.Шарифов  фавран  ба  шифохонаи  ҷумҳуриявии  клиникии  ба  номи  Дяков  оварда шуд. Дар  натиҷаи  таҳқиқи  духтурон  муайян  карда  шуд, ки  косахонаи  сари   А.Шарифов  сахт  маҷрӯҳ  гардидааст. Духтурон  25  ноябр  ӯро  ҷарроҳӣ  намуданд. Бемор  айни  ҳол  дар  ҳолати  беҳушӣ  қарор   дорад. Духтурон хабар   доданд, ки  аҳволи  саломатии ӯ  ниҳоят  вазнин  мебошад.

Ноябрь 28, 2008 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд