ШАҲРВАНДИ ФАХРИИ ШАҲРИ ХУҶАНД 75-СОЛА ШУД
Хуҷанд, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ). — Дар толори Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ 75-солагии олим, мунаққид, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ Атахон Сайфуллоев таҷлил карда шуд. Ҷонишини раиси вилояти Суғд Ваҳҳоб Набиев табрикномаи раиси вилоятро қироат намуд. Соҳибҷашн -Атахон Сайфуллоев бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» дониста шуд. Ин қарорро ҷонишини раиси шаҳр Домуллоҷон Ҷабборов қироат намуд. Баъдан, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, нависанда Абдулҳамид Самадов, адабиётшинос Абдураҳмони Абдуманнон бо табрикоти пурмӯҳтаво ба соҳибҷашн медали Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон — «Нишони сухан»-ро супориданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






