ШАРИФХОН САМИЕВ РЕҶАИ БАРҚРО КАМ КАРДУ СУПОРИШИ МУШАХХАС ДОД

Ноябрь 7, 2008 11:30

Душанбе, 7 ноябр (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Тавре аз маркази матбуоти «Барқи Тоҷик» хабар доданд, мутобиқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ШСХК «Барқи тоҷик» интиқоли барқро ба аҳолӣ  як соат зиёд намуд. Акнун дар маҳаллаҳое, ки барқ аз рӯи меъёр  дода мешавад, каме тағйирот ворид гардид. Интиқоли нерӯи барқ барои пагоҳӣ чун пештара — аз соати 6.00 то 9.00 боқӣ монд. Бегоҳӣ, ки он аз соати 18 то 21 муқаррар гашта  аст, ба соати аз 18.30 то 21.30  иваз шуд. Хотиррасон мекунем, ки алҳол дар Душанбе. ва дигар шаҳру вилоятҳое, ки сокинонашон дар биноҳои баландошёна истиқомат доранд,   барқ  ба таври доимӣ дода мешавад. Марказҳои танзими барқ ва шабакаҳои барқӣ барои таъмину танзими ҳатмии меъёр аз ҷониби раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев супориши мушаххас гирифтаанд.

Ноябрь 7, 2008 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд