ШИР КАМЧИН КИ ҲАСТ, ОЛИМОН ГОВҲОИ СЕРШИР БА ВУҶУД ОВАРДАНД
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Пажӯҳишгоҳи чорводорӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки оид ба такмили сифати ирсию маҳсулнокии говҳои зоти сергӯшт барои такрористеҳсолкунӣ 596 сар модагови хушзот ва 332 сар гӯсолаи такмилёбанда вобаста ба зоташон дар 16 подаи чорвои зотӣ парвариш меёбанд. Дар гурӯҳҳои таҷрибавии селексионӣ бақайдгирии наслҳо гузаронида шуд. Аз ҳар сад сар модагов 55 сар гӯсола гирифта шуд. Бо такмил додани ҷинси тоҷикии говҳои зоти сиёҳало ва дурагаи голштинӣ, насли голштинӣ аз рӯи хусусиятҳои ширдиҳӣ равғаннокии шир ва шакли пистонро дар худ нигоҳ доштанд. Дурагаҳои аз зоти шветсии селексияи амрикоӣ гирифташуда нисбат ба зоти модариашон серширтар, равғаннокии ширашон баландтар, шакл ва сохти пистонашон ҳам беҳтар аст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






