СИЁСАТИ ТОҶИКИСТОН ПИСАНДИ МУТАХАССИСОНИ ОЛМОН ГАРДИД

Ноябрь 21, 2008 15:00

       Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сафири Ҷумҳурии Федеролии Олмон Дорис Хертрампф баъди боздид аз ноҳияҳои вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Хатлон дар вохӯрӣ бо вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов таассуроташро некбинона арзёбӣ намуд. Сафир бо боварии зиёд дар бораи ҳамкориҳои васеи минбаъдаи Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар самтҳои гуногуни кишоварзӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурӣ Тоҷикистон изҳори андеша кард.         Имзои Барномаи кӯмаки Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар ҳаҷми 36 млн. евро бо Тоҷикистон, ки барои дастгирии соҳибкорони хурду миёна дода мешавад, бозгӯи он аст, ки сиёсати дар соҳаи кишоварзӣ пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ писанди мутахассисони соҳаи аграрии Ҷумҳурии Олмон гардидааст.        Сафир Дорис Хертрампф изҳори қаноатмандӣ намудааст, ки минбаъд ҳам лоиҳаҳои мақсадноки Вазорати кишоварзии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.  

Ноябрь 21, 2008 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд