СОҲИБКОРОН ҒАЙР АЗ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ АЗ ҲАМА НАМУДИ АНДОЗ ОЗОДАНД
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). – Бино ба гуфтаи ҷонишини вазири рушди иқтисод ва савдо Амонулло Ашӯр, ба қарибӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва ноҳияи Ишкошими вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боз ду минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода мешавад. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Низомномаи минтақаҳои озоди иқтисодиро дар ҷумҳури ба имзо расонд. Тибқи Низомномаи мазкур, аллакай минтақаи иқтисодии «Суғд» дар шаҳри Хуҷанд ва минтақаи озоди иқтисодӣ дар минтақаи Панҷ дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон таъсис дода шудааст. Дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ соҳибкорон ғайр аз андози иҷтимоӣ дигар аз ҳама намуди андоз озод мебошанд. Ин тадбир ба зиёд истеҳсол шудани маҳсулот ва арзонии нарх мусоидат мекунад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






