СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ИДМ ТО СОЛИ 2020 ТАСДИҚ ШУД

Ноябрь 17, 2008 12:16

       Душанбе, 17 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар фарҷоми ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил Стратегияи рушди иқтисодии кишварҳои ИДМ то соли 2020 тасдиқ гардид. Ба ин санади муҳим роҳбарони ҳукуматҳои давлатҳои ИДМ, ки дар Кишинёв -пойтахти Молдова ҷамъ омада буданд, имзо гузоштанд. Ин ҳуҷҷат моҳи октябри соли равон дар Саммити Сарони давлатҳои ИДМ, ки дар  Бишкек баргузор гардид, аз ҷониби сарони кишварҳои ИДМ  маъқул дониста шуда буд.               Дар ҷаласа ҳамчунин роҳбарони  ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ масъалаҳои фаъолияти ИДМ –ро дар самти мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баррасӣ намуда, Конвентсия оид ба мақоми ҳуқуқии  муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро қабул намуданд. Ҷаласаи ояндаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои ИДМ соли 2009 дар пойтахти Қазоқистон –шаҳри Остона гузаронида мешавад.

Ноябрь 17, 2008 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд