СУХАНРОНИИ Э. РАҲМОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ ОИД БА МАБЛАЃГУЗОРИИ РУШД
Бегоҳии рўзи 28 ноябр дар пойтахти Давлати Ќатар – шаҳри Давҳа Саммити ѓайрирасмии Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии масъалаҳои вобаста ба бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ баргузор гашт, ки дар муҳокимарониҳои он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ иштироки фаъол намуд.Бояд тазаккур дод, ки мулоќоти мазкури ѓайрирасмӣ ќабл аз Конфронси байналмилалӣ оид ба маблаѓгузории рушд баргузор гашта, як навъ омодагӣ ба он буд.Баҳри иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба маблаѓгузории рушд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Созмони умумиҷаҳонии савдо ташкил карда шудааст, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, намояндагони беш аз 100 давлат ва даҳҳо созмонҳои байналмилаӣ ба Давлати Ќатар ташриф овардаанд. Бештар аз 30 давлати ҷаҳонро дар ин конфронс бевосита роҳбарони аввали онҳо намояндагӣ мекунанд.Конфронси байналмилалӣ оид ба маблаѓгузории рушд субҳи рўзи 29 ноябр ба кори худ шурўъ намуд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда дар он суханронӣ намуд ва нахуст ба созмондиҳандагони ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ арзи сипосу миннатдорӣ кард. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «бо вуҷуди таъсири манфии бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ кишварҳои пешрафта бояд садоќати худро ба афзалиятҳои Консенсуси Монтеррей собит намуда, кўшишҳои паст кардани тафовути байни кишварҳои мутараќќӣ ва кишварҳои рў ба инкишоф ва бартарфсозии рушди нобаробари онҳоро идома диҳанд». Эмомалӣ Раҳмон сохтмони нерўгоҳи обии Роѓун ва як ќатор нерўгоҳҳои дигари обию ҳароратии барќиро аз самтҳои асосии фаъолияти давлати Тоҷикистон баҳри таъмини рушди бонизоми иќтисодиёти кишвар маънидод карда, таъкид дошт, ки дар сурати дастгирии кишварҳою созмонҳои мадарасон аз татбиќи босамари ин наќшаҳо содироти зиёда аз 25 миллиард киловатт/соат ќувваи барќ ба Покистон, Афѓонистон, Эрон, Ҳиндустон ва дигар минтаќаҳо дар ояндаи наздик имконпазир мегардад ва ин саҳми намоёни Тоҷикистон дар амалӣ намудани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола хоҳад буд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бартарафсозии монеаҳои тиҷоратӣ ва рушди савдо, бунёди роҳҳои оҳану мошингарди минтаќавӣ, болобарии иќтидори транзитии Осиёи Марказӣ ва пайвастани онро ба бандарҳои Халиҷи Форс ва Уќёнуси Ҳинд низ аз роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба ин минтаќа арзёбӣ намуда, мусоидати кишварҳои пешрафта ва ниҳодҳои мададрасони байналмилалиро ба ҳалли ин масоил матлуб маънидод кард. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «кишварҳои рў ба тараќќӣ бояд дорои имконияти таъсиррасонӣ ба ќабули ќарорҳои созмонҳои байналмилаӣ роҷеъ ба масъалаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рушди иќтисодӣ бошанд ва дар идоракунии онҳо низ саҳми сазовор гирифта тавонанд». Дар охири суханронӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор намуд: -«Имрўз мо ќодирем, ки ҷаҳонро беҳтар созем ва ба бовариву эътимоди халќҳоямон сазовор гардем».