ТӮҲФА БА МАҲБУСОНИ НОБОЛИҒ

Ноябрь 24, 2008 11:11

        Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ чанд рӯз пеш ба муассисаи ислоҳи меҳнатии маҳбусони ноболиғи рақами 1 — уми шаҳри Душанбе рафта, бо шароити зиндагии маҳбусони ноболиғ шинос гардиданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки кормандони кумита мунтазам тадбирҳои хайрия гузаронида, ба хонаҳои бачагон мераванд ва бо фаъолияти муассисаҳои адои ҷазо шинос мегарданд.       Натиҷаҳои пурсиш нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои асосии содир шудани ҷиноят дар байни ноболиғон надонистани қонун, шароити вазнини зиндагӣ ва аз мактаб дур шудани бачагон мебошад.Дар натиҷаи мулоқот маълум гардид, ки баробари масъалаҳои дигари ҳалталаби фаъолияти муассисаи мазкур дар он китоб намерасад. Кормандони кумита ба муассиса теъдоди зиёди адабиёти бадеӣ ва асбобу анҷоми варзиш тӯҳфа карданд.      Мулоқоти мазкур ҳамроҳи кормандони Раёсати корҳои ислоҳи меҳнатии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

Ноябрь 24, 2008 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд