ТАҲРЕЗИИ ФАЪОЛИЯТИ САНҶИШГОҲҲОИ СЕРОЛОГӢ (RW)

Ноябрь 28, 2008 09:39

Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- 28 — уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пўст ва узвҳои таносули Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тарҳрезии фаъолияти санҷишгоҳҳои серологӣ (RW)  мизи мудаввар баргузор мегардад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар доданд, мизи мудаввар тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат гузаронида мешавад, ки  25 — уми ноябри соли 2008 дар вохўрӣ бо кормандони тиби кишвар дар Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино барои солҳои 2008 – 2009 дода буд.          Дар он мутахассисони соҳаи тандурустии  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Инчунин, оид ба мубориза бо паҳншавии вируси норасоии масъунияти бадан  ва бемории СПИД дар ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2010, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, алалхусус нисбати санҷиши хун дар санҷишгоҳҳои серологии кишвар, пурзӯр намудани базаи моддию  техникии санҷишгоҳҳои серологии мамлакат, таҳким бахшидани  тарзи хизматрасонии тиббии хайрхоҳона ба ҷавонон ва дар якҷоягӣ бо Маркази ҷумҳуриявии илмии хун ва пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқоти тиббӣ – профилактикӣ ва сохторҳои соҳа ба роҳ мондани усулҳои ҳозиразамони санҷишҳои хун як қатор чорабиниҳо гузаронида мешаванд.   

Ноябрь 28, 2008 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд