ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ БО САЙРУГАШТИ ИДОНА

Ноябрь 5, 2008 16:47

       Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 6 ноябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Конститутсия (Сарқонуни асосии кишвар) таҷлил карда мешавад.         Дар асоси қарори ба имзо расонидаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев,  дар Боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли комсомол» ва Майдони 800-солагии пойтахт маъракаи сайру гашти идона ва фурӯши маҳсулоти кулчагию қаннодӣ ташкил карда мешавад. Дастаҳои ҳунарии «Гулшан», «Зебо», «Сомон»  бо барномаҳои ҷолиби консертӣ ба базмгоҳҳо шукӯҳи тоза мебахшанд. Тибқи иттилои котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов,  бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсия дар тамоми муассисаҳои маорифи пойтахт, хусусан дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Душанбе  дарсҳои тематикӣ, вохӯрию сӯҳбат доир ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Ҳамзамон,  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо роҳбарони ташкилоту идораҳои марбутаи пойтахт дар арафи Рӯзи Конститутсия ба мактаб-парваришгоҳҳо, маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ  кӯмакҳои хайриявӣ расонид.         

Ноябрь 5, 2008 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд