ТАФОҲУМНОМАИ ВАО ВА МАРКАЗҲОИ МАТБУОТӢ БА МНМО ИРСОЛ ГАРДИД
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшода Ҷонмардова). — Мактаби мустақили рўзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» амалисозии лоиҳаи «Дастрасӣ ба иттилоот: ҳамкорӣ ва шаффофият»-ро ба анҷом расонид. Тибқи иттилои сарвари Мактаби рўзноманигорӣ Сафо Сафаров, мақсади асосии тарҳи мазкур баланд бардоштани сатҳи касбият ва ба роҳ мондани ҳамкории самарабахши кормандони расонаҳои хабарӣ ва марказҳои матбуотии мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ба гуфтаи сарчашма, ин лоиҳа тўли 6 моҳ амалӣ гардида, зимнан се мизи мудаввари «Ҳамкории ВАО ва марказҳои матбуотӣ: дастовардҳо ва дурнамо», ҳамчунин силсилаи давраҳои омўзишӣ барои 40 нафар рўзноманигорон ва котибони матбуотӣ гузаронида шуд. — Дар чорабиниҳои лоиҳавӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, масъулини марказҳои матбуотии сохторҳои давлатӣ, парлумон ва додгоҳ, кормандони ВАО ва созмонҳои журналистӣ, инчунин, ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ ширкат варзиданд. Аз рўи натоиҷи мизҳои мудаввар «Ёддошти тафоҳум» миёни кормандони марказҳои матбуотии мақомоти давлатӣ ва ВАО-и кишвар ба имзо расида, ҷиҳати омўзишу баррасӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол карда шуд,- афзуд С. Сафаров.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






