ТАГНОВЕ, КИ ҲУКУМАТИ ШӮРО БАРҲАМ ДОДА БУД, ЭҲЁ ШУД

Ноябрь 24, 2008 12:31

       Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Ноҳияи як вақтҳо овозадори сарҳадӣ — ноҳияи Даштиҷумро бо қарори Ҳукумати Шӯро барҳам дода, сокинонашро ба ноҳияҳои навободи Чубеку Фархор муҳоҷир карда буданд.       Бо ташаббуси Нуриддин Маҳмудов соли 1988 дар мавзеи Тагнов як хоҷагии калон таъсис ёфт. Роҳбари ботаҷриба ҳамагӣ дар давоми 2 сол хоҷагиро мустаҳкам ва фоидаовар гардонид. Дар ин муддат дар майдони бештар аз 400 га боғи анор ва дар майдони 120 гектар боғҳои нави себу олу, зардолую бодом ва чормағз бунёд карда шуданд.       Даҳ деҳаи навбунёди ин мавзеъ соҳиби мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, барқ ва оби ошомиданӣ гардиданд.       Мавзеи Тагнов аз нав бунёд шуд ва дар он садҳо бунёдгарони нав ба воя расиданд ва имрӯз зодгоҳашонро ба як гӯшаи биҳиштосо табдил додаанд.

Ноябрь 24, 2008 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд