ТАРКИШИ ПАГОҲИРӮЗӢ ДАР ДУШАНБЕ ВА ДУ ЗАНИ ОСЕБДИДА

Ноябрь 20, 2008 13:47

         Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 20-уми ноябр, соати 7-у 32 дақиқа дар шаҳри Душанбе, дар бинои Рӯдакӣ 931, ҳуҷраи 36, ошёнаи сеюм таркиши гази табиӣ ба вуқӯъ пайваст. Тавре ба АМИТ «Ховар» нозири назорати давлатии бехатарии сӯхтори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Исмоилов Хусрав иттилоъ дод, баъд аз 6 дақиқаи таркиш кормандони онҳо дар ҷои воқеа ҳозир шуда, сӯхтори баамаломадаро хомӯш намудаанд. Ду зан, ки осеб дида буданд, ба Маркази ҷумҳуриявии беморони сӯхтаи шаҳри Душанбе фиристода шуданд.         Ӯ инчунин зикр намуд, ки дар натиҷаи таркиш ҳуҷраҳои 33 ва 39-и бинои номбурда камтар осеб дидаанд. Сабабҳои рух додани таркиш ва хисороти расида аз ҷониби сохторҳои масъул муайян карда мешавад.         Тибқи иттилои сардори Шӯъбаи тандурустии шаҳри Душанбе Абумуслим Темуров, зарардидагон Валентина Гердейи 74-сола ва Марина Клейменоваи 49-сола мебошанд. «Ҳоло мо тамоми чораҳоро меандешем, то ин ду занро наҷот диҳем»,- мегӯяд ӯ.

Ноябрь 20, 2008 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд