ТАРЗИ РАФТОРИ БЕХАТАР БО ТАҶҲИЗОТИ ТИББИИ ЗАРАРОВАР

Ноябрь 13, 2008 07:59

             Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ширкати наве дар соҳаи истифодаи партовҳои тиббӣ — «Тиббеко-сервис» муаррифӣ мегардад.             Чорабинии мазкур таҳти сарпарастии Хадамоти назорати санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ сурат мегирад. Мақсад аз баргузор намудани чорабинии мазкур шинос кардани кормандони тиббӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ бо тарзи рафтори бехатар ҳангоми сарукор бо таҷҳизоти тиббии зараровар пас аз истифода аст.             Дар машварат кормандони вазоратҳои тандурустӣ, адлия, Маркази мубориза бар зидди СПИД, Раёсати ҳифзи муҳити зист ва роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии маҳаллию хориҷӣ иштирок хоҳанд кард.            Тибқи нақшаи пешбинишуда, иштирокчиён бо фаъолияти лоиҳаи муштараки Хадамоти назорати санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҶДММ «Тиббеко-сервис» — «Омӯзиш ва дастгирӣ» шинос хоҳанд шуд.  

Ноябрь 13, 2008 07:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд