ТАШВИҚУ ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Ноябрь 28, 2008 09:54

          Душанбе, 28  ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Наргис  Бояхмедова). – Аввали  моҳи  декабр  дар  Донишгоҳи  Славянии  Тоҷикистону  Русия таҳти  унвони  «Мо  ба  муқобили  маводи  нашъадор  мубориза  мебарем !» маъракаи  доманадор  баргузор  мегардад. Муовини  ректори  донишгоҳ  оид  ба  корҳои тарбиявӣ  Марина  Ковтун  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки   дар  доираи  маъракаи  мазкур  дар  байни факултаҳои  донишгоҳ озмунҳои гуногун гузаронида  мешаванд. Донишҷӯён  инчунин  дар ин  мавзӯъ  маълумотномаҳо,  рӯзномаҳои  деворӣ ва  варақаҳо  тайёр  мекунанд, ки  тарзи  ҳаёти  солимро  ташвиқу  тарғиб  намуда,  дар  бораи  роҳу  усулҳои пешгирии  истеъмоли  маводи  нашъадор  маълумоти   зарурӣ  медиҳанд. М. Ковтун  афзуд, ки  чунин  маъракаҳо  мувофиқи  нақшаи  корӣ ҳар  сол  гузаронида  мешаванд. Дар  гузаронидани онҳо одатан  кумитаи  иттифоқи  касабаи донишҷӯён ва  донишҷӯёни  факултаи  журналистика саҳми  калон  мегузоранд. Омӯзгорони  донишгоҳ  ба  донишҷӯён  дар тайёр  намудани  маълумотномаҳо,  рӯзномаҳои  деворӣ, варақаҳо,  гузаронидани  сӯҳбату  мулоқотҳо  ва семинарҳо, конференсияҳо, консертҳо ва иҷрои  барномаҳои  маърифатӣ  кӯмак  мерасонанд.

Ноябрь 28, 2008 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд