ТАЪСИРИ ҒАЗЗОЛӢ БА МАРДУМИ ШАРҚИ НАЗДИКУ МИЁНА
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Имрӯз дар Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба ифтихори 950-солагии Муҳаммад Ғаззолӣ дар мавзӯи «Эмом Ғаззолӣ нобиғаи ҳама давру замонҳо» семинари илмӣ гузашт. Дар он шарқшиносон ва файласуфони ҷумҳурӣ иштирок намуда, роҷеъ ба шахсият, рӯзгор ва осори Муҳаммад Ғаззолӣ суханронӣ карданд. Мудири шӯъбаи тоҷикшиносии китобхона Муҳаммадии Навин дар бораи назари Эмом Ғаззолӣ ба фалсафа сухан гуфта, зикр намуд, ки фалсафаи ӯ илоҳӣ буда, шомили куллиёт аст. Ӯ ақидаи файласуфонро дар бораи қадимияту абадияти олам напазируфта, исбот карданӣ мешавад, ки гӯё Худо оламро бо иродаю ихтиёри худ аз ҳеҷ офаридааст. Маърифат бошад, ҳиссӣ ва шуҳудӣ буда, яке аз ҳиссу ақл ва дигаре аз илҳому имони қалбӣ моя мегирад. Шарқшинос Амрияздони Алимардон дар бораи нусхаҳои осори Эмом Ғаззолӣ дар ганҷинаи шарқии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусиятҳои онҳо маърӯза хонд. Дар охир зикр гардид, ки Ғаззолӣ дар инкишофи афкори халқҳои Шарқи Наздик ва Миёна таъсири мусбат расонидааст ва номаш дар радифи файласуфони машҳури ҷаҳонӣ ҷой гирифтааст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






