ТАВСИЯИ ОЛИМОН
Душанбе, 3 ноябр.(АМИТ »Ховар», Лаззат Диловарзод).-Навъҳои гандуми ихтироъ намудаи олимони Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ баъди санҷиши давлатӣ барои кишт дар хоҷагиҳои зироатпарварии ҷумҳурӣ тавсия дода шудаанд. Аз ҷумла гандуми навъи «Наврӯз», ки дар Пажӯҳишгоҳи зироаткории Академияи кишоварзии ҷумҳурӣ ихтироъ карда шудааст. Давраи нашъунамои гандуми навъи «Наврӯз» 210-220 рӯзро ташкил медиҳад. Ҳосили ин навъи гандум дар заминҳои обӣ аз як гектар 5-6 тоннаро ташкил медиҳад. Гандуми навъи «Алекс», ки ин ҳам ихтирои олимони тоҷик аст, аз соли 2007 барои кишт тавсия шудааст. Давраи нашъунамояш ба навъи «Наврӯз» баробар мебошад, аммо ҳосили донаш 5-6 сентнер дар як гектар аз навъи «Наврӯз» зиёдтар аст. Мӯҳлати кишти ин ду навъи гандум дар ноҳияҳои тобеи марказ ва ҷануб аз даҳрӯзаи дуюми моҳи октябр то даҳрӯзаи дуюми ноябр буда, дар ноҳияҳои вилояти Суғд аз даҳрӯзаи дуюми сентябр то даҳрӯзаи дуюми моҳи октябр ба ҳисоб меравад,- иброз доштанд дар Пажӯҳишгоҳи мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар».








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






