ТЕАТРИ МУСИҚӢ-МАЗҲАКАВИИ ШАҲРИ ХОРУҒ ТАҒЙИР ДОДА ШУД

Ноябрь 22, 2008 10:16

              Хоруғ. 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додоев). — Дар шаҳри Хоруғ баробари бунёди даҳҳо иншооти азими замонавӣ таъмиру азнавсозии Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятӣ идома дорад. Корҳои сохтмониро дар ин ҷо ширкати бинокории «Шарқ»-и шаҳри Душанбе ба ӯҳда гирифтааст.             Барои таъмиру азнавсозии театр Ҳукумати ҷумҳурӣ 2 миллиону 63 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст. То имрӯз ба маблағи 470 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро шудаанд. Музди меҳнати коргарон аз 500 то 700 сомонӣ аст. Тибқи нақша, то 10-уми майи соли 2009 бинои театр мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад.             Тавре аз Пажӯҳишгоҳи «Бадахшонмеъморӣ» иттилоъ доданд, баъди таъмиру азнавсозӣ Театри мусиқӣ-мазҳакавӣ ба яке аз зеботарин театрҳои ҷумҳуриявӣ табдил меёбад, зеро симояш аз саҳна сар карда, то даромадгоҳ тағйир дода шуд.

Ноябрь 22, 2008 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд