ТОҶИКИСТОН МИЁНИ 134 КИШВАРИ ДУНЁ РАҚОБАТПАЗИР АСТ

Ноябрь 12, 2008 10:14

              Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). -. Тибқи гузориши ҳамасолаи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) «Дар бораи рақобатпазирии сартосарии кишварҳо» Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаи афзоиши рақобатпазирӣ миёни 134 кишвари дунё мақоми 116-умро ишғол мекунад. Бояд гуфт, ки соли гузашта Тоҷикистон дар мақоми 117-ум қарор дошт.             Аз рӯи ин нишондод, Ҷумҳурии Қирғизистон дар мақоми 122, Қазоқистон — 66, Чин — 30 ва Покистон дар мақоми 101-ум ҷойгир шудаанд. Оид ба нишондиҳандаи афзоиши рақобатпазирии кишварҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон маълумоте оварда нашудааст.             Миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Россия дар мақоми 51-ум қарор дорад, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин аст. Қобили зикр аст, ки зимни таҳияи гузориши WEF коршиносон омилҳоеро аз қабили вазъ ва рушди зерсохтори иқтисодию макроиқтисодӣ, вазъи соҳаи тандурустиву маориф, ҷорисозии навгониҳо дар иқтисод ва самаранокии бозори молиявӣ мавриди таҳлил қарор медиҳанд.

Ноябрь 12, 2008 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд