ТОҶИКИСТОН СОҲИБИ КОРХОНАИ КОМБАЙНБАРОРӢ МЕШАВАД
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- дар Раёсати сиёсати техника ва инфраструктураи Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамкориҳои техникии соҳаи кишоварзӣ миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон сол аз сол беҳтар мегардад. Ҳангоми баргузории ҳамоиши байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе намояндагони яке аз ширкатҳои бузургтарини эронӣ — ширкати «Агротех Хуросон» дар шаҳри Душанбе таъсис додани корхонаи комбайнсозиро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. То ин давра ҳамаи намуди техникаи кишоварзӣ аз Федератсияи Россия, Белорусия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда мешуд. Ҷумҳурии Исломии Эрон мехоҳад доираи бозори ин давлатҳоро дар хариду фурӯши мошинолоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон танг карда, истеҳсоли муштараки техникаи кишоварзиро ба роҳ монад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






